30 Ноябр 2021 - 18:14
Музокиракунандаи аршади Чин: Авлавият бо рафъи таҳримҳо алайҳи Эрон аст

Музокиракунандаи аршади Чин дар музокироти Вена пас аз поёни нишасти рӯзи душанбе гуфт, ки авлавият бо рафъи таҳримҳо алайҳи Эрон аст.

ABNA24 – Ванг Куан, сафиру намояндаи доими Чин назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена ба хабарнигорон гуфт, ҳайати эронӣ рӯи лағви таҳримҳо ба унвони як авлавият мутамаркиз ҳастанд ва дар айни ҳол дарк мекунанд, ки бояд дар бораи соири масоили муртабит баҳс шавад.

Ванг Куан: Ҳайати эронӣ дар музокироти Венаро амалгаро тавсиф кард.

Ин дипломати аршади Чин хотирнишон кард: Ҳамаи мо тавофуқ дорем, ки авлавият бо рафъи таҳримҳост ва бояд ибтидо ба ин масъала бипардозем.

Ҳамчунин Энрике Мора, дипломати аршади аврупоӣ, ки раёсати нишасти ифтитоҳияи рафъи таҳримҳои золимона алайҳи Эронро бар ӯҳда дошт, баъд аз поёни нишаст дар ҷамъи хабарнигорон ҳузур ёфт ва музокиротро мусбат арзёбӣ кард.

  • Амир Абдуллоҳиён: Дар музокира барои дастёбӣ ба тавофуқи хуб ҷиддӣ ҳастем

Вай гуфт, ки музокироти рӯзҳои сешанбеву чаҳоршанбе бо ташкили коргурӯҳи лағви таҳримҳо ва масоили ҳастаии Эрон идома хоҳад ёфт.

Нишасти рӯзи нахусти музокироти Вена барои лағви таҳримҳо байни дипломатҳои аршади гурӯҳи 4+1, Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе пас аз ҳудуди ду соат поён ёфт.

Дар ин нишаст ҳайати эронӣ бо ҳадафи тамаркузи ҷиддӣ бар масъалаи рафъи таҳримҳо алайҳи миллати Эрон, бо таркибе ҳуқуқӣ - иқтисодӣ ҳузур ёфт.

342/